ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ- ЭКСТРЕМИСТӢ БОЯД ПЕШГИРӢ ШАВАД

                «Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту  масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар  ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд» 

                                                                                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

    Дар замони муосир  сиёсати давлат дар ин марҳилаи пурпечутоб  ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд саҳми ҷавонони кишвар ниҳоят бузург мебошанд.

    Аз ин лиҳоз, мо  вазифадорем, ки  ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватан дўстиву сулҳхоҳӣ ва  ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқадасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.

    Дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин такид шудааст: «Ҳадафи панҷум фаъолияти тамоми сохтору мақомати давлатӣ ва ҳар кадоми моро доир ба ҳалли масоили ҷавонон дар бар мегирад.

     Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд, пеш аз ҳама, барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ,  таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем.

     Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватан дўстӣ.ахлоқи ҳамида. Эҳтироми падару модар ва калонсолон,  сабру таҳаммул, омўзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шостаи мо кору пайкори насли  имрўзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд».

     Аммо, дар шароити ҳозира масъалаи ҷавонон ҳалли худро ба пуррагӣ наёфтааст. Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ (Ҳизби Таҳрир, Ҷундуллоҳ, Салафия, ҲИЎ, ҲИТ,ҷомеаи озод ва ғ.) ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо ҳамчун тамоюли ташвишовар боқӣ мемонад.  Дар замони  мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд. ки кўшиш менамоянд,  мақсаду маром, ғояву андеша,   афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, олимон. Сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар  тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан мебошад, ки ба терориз меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор,  тарсу ваҳм амалӣ созанд.

        Бояд қайд намуд, ки  дар баробари равоиди мусбату мўътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ-маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд. Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусулмонони кишвар дар солҳои  охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гуруҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имом – хатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст ва дар маркази он ҷавонон меистанд.

         Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур ҳукумати кишвар чораҷўӣ карда истодааст. Баъзе  наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш намекунанд, аз хизмати  ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Дар баробари ин,  барои риоя накардани  муқаррароти Қонун «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» танҳо дар се моҳи соли 2013 нисбат ба 3100 нафар падару модарон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шадааст.

      Дар  ин масъалаи муҳим, таъкид месозем, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқомиват ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди  сохтору мақомотҳои давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд. Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

   Дар шароити ҳозираи ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва  эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба шуғл ҷалб кардани онҳо мебошад, ки  корҳои доир ба  ин самт иҷрошуда  бисёр мебошад. Дар  ҷумҳуриамон то ба имрўз зиёда аз 70 маркази ҷавонон таъсис ёфтаанд. Вале тибқи таҳлилҳо ин марказҳо ба ҳалли масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба шуғл чандон мусоидат накарда истодаанд. Ғайр аз ин, вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф дар сохтори худ садҳо марказҳои таълимии калонсолон, коллеҷҳо ва литсейҳои касбиву техникӣ доранд, ки аз имкониятҳои онҳо барои тарбияи кадрҳои коргарӣ, ба ҷавонони бекор омўзонидани касбу ҳунарҳои зарурӣ ва ба ҳамин роҳ таъмин намудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон бо шуғли доимӣ васеъ истифода кардан зарур аст.

     Яке аз масъалаҳои асосии мо ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон ба шумор меравад. Мубтало шудани наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ, тамокукашӣ, носкашӣ на фақат ба саломатии худи онҳо, балки  ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад. Ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва хариду фурўши одамон, ки сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

    Барои дастгирӣ намудан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ хидоят кардани ҷавононе, ки ба чунин мушкилот гирифтор шудаанд, лозим аст, ки мақомотҳои дахлдор ва пеш аз ҳама, омўзгорон, падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, густариши донишу ҷаҳонбинии  наврасону ҷавонон, дарку омўзиши арзишҳои муқадаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондўстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин масъалаи асосии замони муосир мебошад.

                                Садриддинов А

                                                                     омӯзгори ДКМТ