Имрӯз, муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин дар барномаи телевизионии “Амният ва ҷомеа”- и ТВ Суғд ширкат намуда, роҷеъ ба мавзӯи худшиносии миллӣ андешаҳои хешро баён намуд, ки фишурдаи онро дар шакли кӯтоҳ ин ҷо мегузорем.
Андешаҳо дар мавриди худшиносии миллӣ дар шакли кӯтоҳ:
-Худшиносии миллӣ ин раванди тафаккур ва таҳлил, истеъмол ва истеҳсол, интиқол ва нигоҳдории арзишҳое мебошад, ки миллатро муаррифӣ ва устувор мекунанд.
– Ин системае, мебошад, ки интиқоли таҷрибаҳо, донишҳо ва фарҳанги ниёконро ба насли имрӯз ва оянда таъмин месозад.
– Он раванди ташккули мафкураи миллиро, ки табиати ичтимоию биологӣ ва хосеро доро мебошад, метезонад.
– Сатҳи пасти худшиносии миллӣ – яъне надонистани таърихи худ, забон, ва фарҳанг, рушди шахсияти ҳар фарди миллатро ва ҷойгоҳу нуфузи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, бозмедорад.
– Маҳз тавассути худшиносии миллӣ, миллат ҳастии устувор ва доимиии худро таъмин карда метавонад.
– Худшиносии миллӣ – шарти асосии ваҳдати миллӣ аст, агар он паст бошад, ваҳдати миллӣ ноустувор ва агар баланд бошад, бегазанд аст.
– Худшиносии миллӣ – симои миллиро ташаккул дода, мансубият ба онро мояи ифтихор, ислоҳи рафтор ва маҳаки нақшаи рушдро ҳадафи асосӣ мегардонад.
– Забон – ояндасози рушди худшиносии миллист.
– Тоҷикон мероси худшиносӣ доранд ва барои ояндагон низ меросгузор хоҳанд шуд.