Ширкати ректор ва омӯзгорони донишкада дар вебинари байналмилалӣ

Имрӯз,  дар мавзӯи “Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ, ҷойҳои корӣ ва пайвастани донишҷӯён бо шарикони кишварҳои хориҷӣ” вебинари байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада Муҳаммадиев А. иттилоъ дод.

Дар вебинари мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, директори Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов, доктори илмҳои иқтисодӣ Ғоибназаров Шуҳрат, муовини директори ҳамин коллеҷ Қаҳҳорров Хушнуд,  муовини директори ҳамин муассиса Тағоймуродов Фаррухҷон ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон ширкат намуданд.

Дар рафти вебинар як силсила масоили муҳими глобалӣ аз ҷумла ҷаҳонишавии босуръат, рушди илму технологияи муосир, иваз намудани формати таҳсилот, такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, таҳияи дастурҳои мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои бузурги ҳамафарогир, ширкат дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи Аврупо, мубодилаи донишҷӯён, омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои аврупоӣ минҷумла Италия, Фаронса ва ғайра баррасӣ карда шуд.

Дар вебинари мазкур олимону коршиносон ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз давлатҳои Аврупо ва Тоҷикистон ширкат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки вебинари мазкур бо ташаббуси раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ гузаронида шуд.