ДУШАНБЕ, 11.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Ин нуктаро 10 декабр ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръат – асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ» баён дошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зикр шуд, ки дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави кор, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ – саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.
Дар конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ», «Манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар ҳошияи муҳоҷирати ҷаҳонӣ: алоқамандӣ ва ҳамкорӣ», «Потенсиали конҳои канданиҳои фоиданоки вилояти Суғд дар ҳошияи саноатикунонии босуръати кишвар» ва ғайра маъруза намуданд.
Дар анҷоми конференсияи ҷумҳуриявӣ ба як гурӯҳ кормандону устодон унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар вилояти Суғд 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, имрӯз аз қаламрави вилояти Суғд ба зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон маҳсулоти гуногун содирот карда мешавад.