Ин субҳ бахшида ба нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим ва дар доираи моҳвораи ҷавонӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон дар ҳафтаи машқҳои пагоҳирӯзӣ ширкат намуд.
Донишҷӯён тибқи нақша- чорабинӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тамрин намуда, як лаҳза бо анҷом додани машқҳо тани худро солим гардониданд. Мегӯянд, варзиш- гарави саломатист ва воқеан ҳам инсонро аз амрози гуногун наҷот медиҳад.
Тамринҳои субҳгоҳӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои донишкада гузаронида шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.