Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии донишҷӯёну фаъолон бахшида ба моҳвораи ҷавонон дар барномаи субҳгоҳии “Пиёдагард”, ки барои беҳбудбахшии саломатӣ равона гардидааст, ширкат намуд, ки дар ин бора ба шуъба сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.
Пиёдагардон бо усули ором ва низоми сабук дар атрофи шаҳри Бӯстон ва донишкада гардиш намуданд, ки ин ҳам барои саломатӣ муҳим аст.
Ёдовар мешавем, ки дар донишкада тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба ҳафтаи ҷавонон як силсила барномаҳои фарҳангӣ -фароғатӣ, варзишӣ ва барои ҷавонон роҳандозӣ карда шудааст.