Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар барномаи телевизионии “Амният ва ҷомеа” ширкат намуда, дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-роҳнамои фардои обод” суханронӣ намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дод.
Дар баробари ректори донишкада ҳамчунин дар барномаи мазкур Шарифзода Муъмин Машокир ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
Сабурӣ Хайрулло Мирзозода – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;Абдусабури Абдуваҳҳоб – сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ”, низ ширкат намуда, суханронӣ намуданд.