Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ки дар Мактаби Президентӣ баргузор гардид, ширкат намуда, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳо ва арқоми рушди Тоҷикистон мулоҳизаронӣ намуд, ки ба аҳли нишаст писанд омад.
Ҳамчунин, дар конференсияи мазкур ба омӯзгори фаъоли донишкада, муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар донишкада Саидов Анвар сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.