Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии раиси итифоқи касаба Давлатов Давлатмаҳмад дар чорабинии савгандёдкунии ворисони “Сомониён” ва супоридани медалу дипломҳои олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф хеле рушд намуда, хушбахтона имрӯз наврасони кишвар метавонанд дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ширкат варзида соҳиби ҷойҳои намоён гарданд. Ва наврасону хонандагонро зарур аст, то ҷавобан ба ин ғамхориву боварӣ бештар мутолиа намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ, ки тамоми иштироккунандагони олимпиадаҳои фаннӣ ширкат намуданд, зиёда аз 250 медал ва диплом ба Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон оварда шудааст.
Шуъбаи иттилоот