31-уми марти соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Р.Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва мудирони шуъбаҳои маорифи як қатор шаҳру ноҳияҳо, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гузориши Ш.Ёрмуҳаммадзода-директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ “Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои табиӣ- риёзӣ ва вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе”, гузориши М.Бобоева-мудири бахши таҳсилоти томактабӣ “Оид ба вазъи иҷрои талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Варзоб”, гузориши Г.Уроқов- муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ “Дар бораи китоби дарсии «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои донишҷӯён, магистрон ва аспирантони факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Ғаффорӣ Назира Абдуллозода)” ва “Дар бораи китоби дарсии «Шабакаҳои компютерӣ» барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Ғаюров Ҳаким Шарифович, Муродов Маскурбек Келдиёрович, Бобозода Аълохони Аброрхон)”, гузориши Бахтиёр Маҳмадалӣ – ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон “Оид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2021-2022” шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи якум вазири маориф ва илм ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ изҳори сипос намуда, ҳамзамон, ба мудирони шуъбаҳои маорифи дигар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои бечунучарои барномаи мазкур, хусусан, таъмини кабинетҳои химия бо реактивҳо, ба равияҳо ҷудо намудани хонандагон, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони ихтисосманди фаннӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ, истифодаи мақсадноки заминҳои наздимактабӣ ва худдорӣ намудан аз истифодаи ғайримақсадноки замин ва иншооти соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зимни баррасии масъалаи дуюм вазир ба масъулин вобаста ба фароҳам овардани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бунёду азнавсозии муассисаҳои томактабӣ ва зиёд намудани фарогирии кӯдакон, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ дар самти таълиму тарбияи томактабӣ дастур дод.
Дар идома, аз ҷониби Р.Саидзода ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили ихтисоси омӯзгорон, зиёд намудани теъдоди омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили гурӯҳҳои таълимашон бо забонҳои русию англисӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, дар доираи стандурту барномаҳои таълимӣ таҳия ва чоп намудани китобҳои дарсӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охири ҷаласаи ҳайати мушовара вазири маориф ва илм дар такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохтории вазорат дастур дод, ки ба муассисаҳои таълимӣ рафта, оид ба сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ бо омӯзгорону волидон корбарӣ намоянд.