
Имрӯз як қатор донишҷӯёну омӯзгорон зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар маъракаи маросими гусели наваскарони шаҳри Бӯстон ширкат намуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он ҷо ҳам модарону наваскарон ва ҳам намояндагони мақомот ва сокинон фаъолона ширкат доштанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон бо сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон генерал Искандарзода Муҳаммадшоҳ акси хотиравӣ гирифтанд.