Бо мақсади мусоидат ва иҷрои дастуру супоришҳои мушаххаси роҳбарияти Олии мамлакат, дар заминаи татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳамчунин иҷрои нақшаи чорабиниҳои муассиса имрӯз, 30 майи соли 2024 дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд” Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсияи ҷумҳуриявӣ олимону мутахассисони соҳа, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, ширкатҳои сайёҳӣ ва алалхусус Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Б.Н., дотсенти кафедраи технологияҳои информатсионӣ ва иқтисодиёти Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои нави Тоҷикистон, номзади илмҳои физика–математика Ибрагимов И.И., Директори Ширкати сайёҳии “Сайри Бӯстон” Иноятов Қаҳрамон, Муовини Директори Филиали Донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Обидова М. ва мудири кафедраи бизнеси сайёҳӣ ва идоракунӣ, доктори фалсафа (Phd) Ғоибназаров Ғиёсиддин иштироку суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз зери таваҷҷӯҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муҳиме рӯи кор омад, ки он ҳам эълони соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад. Амалигардонии ин иқдоми наҷибона ҷиҳати тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Бешак, мақсадҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт низ амалӣ гардида истодааст.
Сипас, муаллими калони кафедраи бизнеси сайёҳӣ ва идоракунӣ Авазматова Г.Н. дар мавзӯи “Приоритетные направления развития в сфере туризма в Республике Таджикистан” ба сухан баромада, муҳимияти рушди соҳаи сайёҳӣ ва алалхусус равнақ додани соҳаро дар деҳоти мамлакат таъкид сохт.
Пас аз ба итмом расидани ҷаласаи пленарӣ бахши муҳокима ва саволу ҷавоб оғоз ёфта, дар он ҷо низ бартарият ва муаммоҳои соҳа ироа гардид. Донишҷўён ва унвонҷӯён бошад, ҷиҳати бартараф намудани муаммоҳои зикршуда ба худ хулосаи заруриро бароварда, вазифадор шуданд, ки мақолаҳо ва тезисҳои илмиро рӯи чоп оваранд. Ҳамчунин аз чопи маҷмӯи мақолаҳои илмии профессорону омӯзгорон ва унвонҷӯёну донишҷўён пазироӣ карда шуд.
Дар натиҷа иштирокчиён ва баромадкунандагон бо Сипосномаҳои роҳбарияти Филиали Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Бо ҳамин конференсияи ҷумҳуриявӣ кори худро анҷом дод.