Санаи 15 майи соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати зерини вилояти Шэнси Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ гузаронид:
Сун Дагуан — аъзои комитети доимии ҳизбии вилояти Шэнси, мудири шуъбаи пропагандаи комитети ҳизбии Ҳизби коммунистии Хитой дар вилояти Шэнси;
ВУ Юнчао — ҷонишини мудири шуъбаи пропагандаи комитети ҳизбии Ҳизби коммунистии Хитой, вилояти Шэнси;
Чжан Лин — котиби гурӯҳи ҳизбӣ ва ҷонишини доимии раиси иттиҳодияи ходимони адабиёт ва санъати вилояти Шэнси;
Сао Хуэй — ҷонишини раиси ҷамъияти халқии дӯстӣ бо хориҷиёни вилояти Шэнси;
Ван Юнфэн — аъзои доимии кумитаи ҳизбии шаҳри Сянян, мудири шуъбаи пропагандаи шаҳри Сянян;
Чен Лян — аъзои доимии кумитаи ҳизбии шаҳри Анканг, мудири шуъбаи пропагандаи шаҳри Анканг;
Чжан Ляне — котиби кумитаи ҳизбӣ, раиси идораи радио ва телевизиони вилояти Шэнси, роҳбари гурӯҳи ВАО-и вилояти Шэнси;
Чжао Вэнтао — котиби кумитаи ҳизбӣ, раиси ҶДММ « Western Cinema Corporation »;
Чжан Фэн — коркуни дараҷаи 1-уми шуъбаи адабиёт ва санъати шуъбаи пропагандаи кумитаи ҳизбии вилояти Шэньси;
Ян Минмин — тарҷумони забони русии маркази тарҷумаи идораи корҳои хориҷии вилояти Шэнси;
Лин Ҳонгми – раиси ширкати шабакаи технологияи Ankang Ziyang, вилояти Шэнси;
Ву Юнан — директори маркази телевизиони моҳвораии гурӯҳи муттаҳидшудаи расонаҳои радио ва телевизиони вилояти Шэнси;
Ян Венменг- сармуҳаррири шуъбаи барномаҳои Маркази телевизиони моҳвораии Гурӯҳи ҳамгирошудаи расонаҳои телевизионии Шен, вилояти Шэнси;
Ван Бо- директори идораи ҳамаҷонибаи маркази телевизиони моҳвораии Радио ва телевизиони вилояти Шэнси;
Ҳини вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва логистика, фарҳанг, илму маориф, соҳаи замин, истеҳсоли техникаи маишӣ, коркарди пӯст, кишоварзӣ, сохтмон, саноати сабук ва нассоҷӣ, мошинсозӣ баррасӣ карда шуданд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо маҷмӯи тадбирҳои ҳамкориҳои дуҷониба, таваҷҷуҳи хоса ба равобити тиҷоративу иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд. Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ва бахусус вилояти Суғд барои роҳандозии ҳамкориҳои созанда бо доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Чин тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва истифодаи муассир аз ин имконот барои ҳарду ҷониб комилан судманд аст.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷумла ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ бо ширкат намуд.