Имрӯз дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Соли нави чинӣ ва ҳамчунин гиромидошти ҷашнҳои миллӣ ба мисли ҷашни Сада ва Наврӯз бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, директори ҷониби тоҷикистонии ДК Валиева Мастурахон, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада дотсент Давлатов Давлатмаҳмад, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон ва дигар омӯзгорону кормандон баргузор гардид.
Чорабиниро ровӣ оғоз намуда, роҷеъ ба ҷашну маросим ва фарҳанги таҷлили Соли нави чинӣ махлумот дод. Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳамкорони чиниро бо соли навашон табрик намуда, қайд кард, ки мақсади ташкил ва баргузории ин чорабинӣ гиромидошти анъанаҳои миллии тоҷикию чинӣ ва ҳамчунин мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ миёни ду миллати ба ҳам дӯст ба шумор меравад.
Воқеан, муносибати дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта, рафту омад ва мубодилаҳои фарҳангиву иқтисодӣ бо суръати баланд рушд мекунад. Айни замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин фаъолият доранд, ки дар ин коргоҳҳо ниёз ба мутахассисони баландпояи ватанӣ ҳаст. Аз ин лиҳоз, омӯзиши забони чинӣ ҳам аз талаботи аслии кордиҳандагони чинӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ ҳозирин оид ба Иди соли нави чинӣ, ки 春节 ном дошта тарҷумааш ба забони тоҷикӣ иди баҳор буда, ба ҷашни наврӯзӣ ва оини таҷлили ин ҷашн ба ҷашнҳои миллии мо шабоҳати зиёд дорад, маълумот гирифтанд.
Сипас, табъи ҳозирин бо шунидани мусиқии миллии чинӣ дар асбоби Гуҷин, маросими тайёр намудани чой, ки таърихи бисёр қадима дошта навҳои зиёдро дарбар мегирад ва қоидаву услуби ба худ хосро дорад ва хушнависӣ аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён болида гардид.
Пас аз дидани барномаи рангини фарҳангӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба як қатор омӯзгорони фаъол сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ директори Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ н.и.ф., муаллими калон Валиева М.Н. суханронӣ намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки хуб таҳсил кунанд, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, вақтро беҳуда сарф накунанд, чунки Ватани азизамон ба мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат ва ҳамзамон донандагони забони хориҷӣ ниёз дорад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тӯли ҳафт сол аст, ки Донишкадаи Конфутсий ҳамчун пули дӯстии Тоҷикистону Чин нақши муҳимеро иҷро мекунад.