Санаи 18-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 18.11.2021 сол ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, наврасону ҷавонон аз ҷумла: ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, Раиси вилоят, шаҳр, варзишгарони номӣ, кормандони бонкҳо, саноат, иқтисод ва савдо, маориф, тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорони ҷавон, ҷавонони хизмати ҳарбиро сарбаландона адонамуда ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз маҳсули дастранҷи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз қабили дӯзандагӣ, шириниҳои миллӣ, кандакорӣ, дастовардҳои донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, сабатбофӣ, кулолгарӣ, дастоварду ихтироот ва ҷоизаҳои варзишгарон дидан намуда, барои рушди ҳунар ва лаёқатмандии ҷавонон баҳои баланд дода, барои беҳтар гардидани дониш ва рушди ҳунари ҷавонон маслиҳатҳои судманд доданд.
Баъд аз боздид, ҳамоиши ҷавонон бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид ҳусни оғоз бахшида, оиди дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон суханронӣ намуда, тамоми аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавононро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад, фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Раиси шаҳри Бўстон Раъно Ҳошимзода низ доир ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, самти фаъолияти он, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба рушди соҳаҳои дахлдор, гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар намуда, ҷавононе, ки хизматро бо сари баланд адо намуда, дар ҳамоиш ташриф оварданд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳамзамон, Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ низ баромад намуда, ҳозиронро бо 30- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, ҷавонон ба ободкориву созандагӣ даъват намуд.
Инчунин, аъзоёнии фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Фотима Иноятзода – оид ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва омодагии аъзои Ташкилот дар рушду нумӯи Тоҷикистон, Ғоибов Алишер – оид ба масъулияти фарзандӣ ва шароити хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродов Диловар ба пешгирии шомилшавии ҷавон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ маърӯза намуданд.
Баъдан, маросими ваъдаи тантанавии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки нав ба сафи аъзогии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон доир гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аъзо шуданд шаҳодатномаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10 нафар ҷавонони нав ба сафи ҳизб қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Инчунин, як чанд нафар фаъолон бо Сипосномаҳои Кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд.
Муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Бӯстон Муллоев Мулломухтор ба самъи ҳозирин расонида шуда, баъдан аз тарафи иштирокчиён якдилона қабул карда шуд.
Дар фарҷом, хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон, аҳли санъаткорони шинохтаи вилояти Суғд бо сурудҳои дилнишин ба ҳамоиш ҳусни тоза зам намуда, хотимабахши чорабинии тантанавӣ гардид.