Имрӯз, ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар маросими супоридани шаҳодатнома ва гувоҳномаҳо ба ҷавонон аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ширкат намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими супоридани шаҳодатномаву гувоҳномаҳо бо ҷавонон мулоқот карда, иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд. Бо такя ба хираду истеъдод ва мақоми ҷавонон дар ҷомеаи кунунӣ ҷомеа ба ҷавонон чун ба қувваи муҳими ояндасоз ва тамаддунофари кишвар эътимоди қавӣ дорад.
-Таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.
Ҷавонони вилоят низ дар ҷавоби ин ғамхориҳо пайваста мекўшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳим аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон пешсаф бошанд ва ба марзу буми Ватан садоқат дошта бошанд, – илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рўи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад…
Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз 10 нафар аспиранту магистрон ва донишҷӯёни донишкада, ки ба гирифтани стипендияи раиси вилоят сазовор гардидаанд.
Манбаъ: www.sogd.tj