Имрӯз муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар конфронси илмӣ- амалии байналмилалии Донишгоҳи кӯҳии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки таҳти унвони “Ҳалли масоили мубрами химиявӣ ва корҳои канданиҳои фоиданок бо усули инноватсионӣ” баргузор гардид ба тариқи онлайн ширкат ва дар қисмати пленарии конфронс суханронӣ намуд.
Профессор Насриддинов Замониддин масъалаҳои муҳими соҳаро номбар карда, чанд роҳҳои нави ҳалли онро минҳайси мутахассиси соҳавӣ иброз дошт.
Ҳамчунин дар кори конфронс омӯзгорони донишкада аз ҷумла Саидов Мустафохон ва Назарматов Авазбек бо мақолаҳои худ ба тариқи онлайн суханронӣ намуданд.