Ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва хатмкунандагони донишкада дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш – фурӯши маҳсулоти ватанӣ

Санаи 20-уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш- фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ баргузор гардид.
Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, навиштааст хадамоти иттилооти ДДҲБСТ.
Дар ярмарка ташкилотҳои бонкии ҶДММ ТАҚХ «Матин», ҶСП Бонки «Арванд», БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Бонки Эсхата»-яке аз бонкҳои беҳтарину мардумӣ ва дорои мақоми баланд, ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл”, ҶСП «Ҳумо», Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Коммерсбонки Тоҷикистон, ҶСК “Алиф Бонк”, ҶСК «Тавҳидбонк», ҶСП «Спитаменбонк» имконият ва барномаҳои худро муаррифӣ намуданд ва ҳамзамон ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои ватании ҶДММ “Файзи Расул”, ҶДММ «Кабири Хуҷанд», ҶСК “Зуҳал”, ҶДММ “Химус”, ҶДММ “Пешсаф-1”, ҶДММ “Чўҷаи Байзо”, ҶДММ “Фаровон-1”, ҶДММ “Назар”, ҶДММ «Шаҳди Хуҷанд», ҶДММ «Муҳанно», ”, ҶДММ “ Фархунда”, ҶСП ”Сармои Суғдиён”, ҶДММ «Озода Косметикс», ҶДММ ” Светлана”, ҶДММ “Афзали Суғд” ба маъраз гузошта шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Все реакции:

7