ШИРКАТИ ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ ДАР ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Имрӯз дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмии донишкада даври донишкадавии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои химия ва физика оғоз гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи даври донишкадавии олимпиадаи фаннӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки фаъол бошанду баҳри сазовор гардидан ба баҳои баланд талош намоянд.
Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён ҷиҳати хубу аъло хондан ва ширкат намудан дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ баҳри ҳавасмандгардонӣ маблағи пулӣ ваъда дод.
Дар олимпиадаи фаннӣ ба ҷуз ректори донишкада боз сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза, мутахассиси шуъбаи аспирантура ва магистратура Мамадқулова Раъно ширкат ва суханронӣ намуданд.