Санаи 13.05.2024 ва 14.05.2024 омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дар конференсияи илмӣ- амалии байналмилалӣ бахшида ба 105 солагии Академияи давлатии бойтории Москва ва биотехнология – МВА ба номи К.И. Скрябин ва 10- солагии илму техника дар ҳамин муассиса ба тариқи онлайн иштирок намуданд. Дар ин конференсия аз кафедраи мазкур 8 нафар омӯзгорон бо мавзуҳои илмӣ баромад намуданд.
Баъди кушодашавии конференсия мудири кафедраи забони хориҷӣ ва русии Академияи давлатии бойтории Москва ва биотехнология – МВА ба номи К.И. Скрябин Ҳакимова Гулнара Ансаровна коллективи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва устодони кафедраи моро барои ҳамкорӣ бо бо ин муассиса миннатдории худро баён кард.
Сипас, сухан ба мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, н.и.п.,дотсент Тоҷибоева М.И. дода шуд. Дар аввал ҳамаи иштирокчиёнро барои ташрифашон арзи сипос намуд. Аз ҷумла ба мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва русии Академияи давлатии бойтории Москва ва биотехнология – МВА ба номи К.И. Скрябин номзади илмҳои педагогӣ Ҳакимова Гулнора Ансаровна арзи сипос намуд ва таъкид намуд, ки раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва аъзоёни кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо Академияи давлатии бойтории Москва ва биотехнология – МВА ба номи К.И. Скрябин хеле хушнуданд ва барои ҳамкорӣ намудан доимо тайёранд.
Инчунин, бояд зикр намуд, ки аз тарафи ташкилкунандагони ин конференсия бо имзои ректори МВА ба номи К.И.Скрябин доктори илмҳои ветеринарӣ С.В.Посябин ба иштирокчиён сертификат бо воситаи почтаи байналмилалӣ фиристонида мешавад ва мақолаҳо ба маҷаллаи илмии РИНЦ чоп мегардад.