Дирӯз, омӯзгорону кормандони донишкада тибқи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар шанбегии умумишаҳрӣ ширкат намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Розиқов Абдусамад иттилоъ дод. Кормандону донишҷӯён хиёбону шафати донишкадаро тоза намуда, сипас хиёбони марказӣ ва кӯчаҳои наздики фурудгоҳро аз партовгоҳҳо ва дигар нотозагиҳо пок намуданд.
Қарор аст, ки шанбегии мазкур панҷ рӯз идома ёбад ва дар ин байн корҳои таҷдиду ободкориҳо низ сурат гирад.