
Дар Форуми мазкур мудири кафедраи металлургия Раҳимзода Ҳаёт ва омӯзгорони кафедра Қодиров Абдурашид, Хоҷаева Файзинисо маснуоти заргарӣ ва қолабҳои муосири ороишотро бо тарҳи наву миллӣ ба намоиш гузоштанд.
Дар Форуми байналмилалии заргарӣ таҳти унвони “Дар саргаҳи хазинаи Амударё” , ки гӯшаи махсуси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, зиёда аз 40 навъи ороишоти заргарӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар форуми мазкур бештар маснуоти заргарӣ ва ҳунари заргарии коргоҳу корхонаҷоти машғул ба ҷавоҳирсозии ватанӣ ва хориҷӣ маҳсулоти хешро ба намоиш гузоштанд. Дар ин форуми байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, зиёда аз 200 ширкати ватаниву хориҷӣ маҳсулоти хешро ба намоиш гузоштанд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз гӯшаи Донишкада дидан намуда, ба кори заргарони муассиса баҳои баланд дод.
Ёдрас мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ихтисоси заргарӣ таъсис дода шудааст ва тамоми шароит барои омода намудани мутахассисони варзидаи заргарӣ муҳайё карда шудааст.