Дар доираи Ҳафтаи забони русӣ дар мамолики хориҷӣ ” мизи гирди онлайнӣ дар мавзӯи “Забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон” бо ширкати муовинони донишкада ва намояндагони Донишгоҳи давлатии педагогии Сургут сурат гирифт.
Дар мизи гирд ба ғайр аз намояндагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамзамон намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ширкат намуда, суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби донишкада дар ин чорабинӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, сардори шуъбаи магистратура ва аспирантура Муҳаммадюсупова Шамсия, сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳусноро ва дигар омӯзгорон ширкат намуданд.
Муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар мизи гирд роҷеъ ба вазъи забони русӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ сухан ронда, мақоми ин забонро дар донишкада баланд арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо суханронӣ намуда аз таҷрибаҳо ва имкониятҳои забони русӣ сухан гуфт.
Дар умум мизи гирд дар сатҳи баланд ва масъалагузориҳои олӣ баргузор гардид.