Санаи 23-25 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии индустриалии Сибир (СибГИУ) XXIII-конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Металлургия:технология, инноватсия, сифат” баргузор гардид.Дар конфронси мазкур аз тамоми давлатҳои Осиё намояндагони донишгоҳҳои олӣ иштирок доштанд.
Аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар конфронси мазкур муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов А.А , мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳусноро тариқи онлайн иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А.А сараввал дар бораи донишкада маълумот дода, омодагии донишкадаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба баён намуд. Ҳамчунин, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳ.Р суханронӣ намуда, ба кори конфронс барору муввафаққият орзу намуд.
Пас аз суханронӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов А. барои ҳамкориҳои тарафайн изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки ин ҳамкорӣ ба ҳарду тараф айни муддао мебошад.
Нимаи дуюми рӯз кормандон ва донишҷӯёни донишкада дар мизи мудаввари Донишгоҳи давлатии индустриалии Сибир ширкат варзиданд.Дар ҷаласаи мизи мудаввар муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов А.А , дар мавзӯи «Модернизация высшего металлургического образования на основе подхода CDIO» баромад намуд.Дар чорабинии мазкур олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуда, ба саволҳо ҷавоб гардониданд.