28-уми октябри соли 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмиву амалии “Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия” ва “Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушд” баргузор гардид, ки роҷеъ ба ширкати омӯзгорони донишкада дар кори конфрон ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада Муҳаммадиев Акбархон иттилоъ дод.
Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, олимон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, инчунин намояндагони созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабиён ифтитоҳ гардид.
Дар рафти конфронс иштирокдорон дар бораи масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия, самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, дарёфти ҷойгоҳи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷанбаҳои гуногуни дипломатия сухан намуданд.
Дар рӯзномаи конфронс мақолаи илмии профессори кафедраи экологияи донишкада д.и.т., Розиқов З.А. ва н.и.т. Ҳоҷибоев Д.Д. дар мавзӯи “Участие Горно-металлургического институа Таджикистан в решении глобальных водных проблем” пешбини шуда буд, ки дар ин мавзӯъ мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Д.Д. маърӯза намуданд. Дар баромад оид ба фаъолияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, самтҳои омодакунии мутахассисони соҳаи кӯҳию металлургӣ, иштироки 10- солаи муассиса дар 5 лоиҳаҳои байналмилалии вобаста ба муаммоҳои обӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотии дар ин самт иҷрогардида, саҳми муассиса дар ҳалли муаммоҳои глобалии вобаста ба об маълумот дода шуд. Ба саволҳои аз тарафи иштирокчиён ва кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ дода шуда, ҷавобҳои мукаммал бо презентатсия пешниҳод гардид.
Дар ҷамъбасти конфронс директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович ба ҳамаи иштирокчиён ва инчунин ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз он ҷумла ба раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои иштироки фаъоли кормандон дар кори конфронс изҳори сипос намуд.