Имрӯз, ҷаласаи “Шӯрои ҷамъиятӣ якҷоя бо Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ” баргузор гардид, ки дар он кормандони донишкада тариқи онлайн ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи мазкур ректори Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотии Москва (МИСиС)- Алевтина Анатолевна Черникова, Президенти иттиҳодияи геотехникии Қазоқистон, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёв- Жусупбеков Аскар Жакпарович, декани факултети мошинсозии Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи Сухой- Петришин Григорий Валентинович, декани факултети корҳои кӯҳӣ ва экологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии техникии Белорус- Кологривко Андрей Андреевич, сардори раёсати таълимӣ-методии Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотии Москва (МИСиС) ва дигарҳо иштирок намуда маърузаҳои пурмазмун хонданд.
Аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, профессор Умарҷонов А.А , мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳ.Р., мудири кафедраи ҳамлу нақл-Эшонқулов И ва дигарон ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони донишгоҳҳои олии ИДМ хостори ҳамкориҳои дуҷониба байни донишгоҳҳои техникии минтақаи созмон гардида, роҷеъ ба ин пешниҳоду дархостҳоро намуданд.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, профессор Умарҷонов А.А., дар ҷаласаи мазкур омодагии донишкадаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд иброз дошта, ба ташкилкунандагони ҷаласа изҳори сипос намуд.