
Санаи 25-уми феврали соли 2025 даври дуюми олимпиадаи фаннии байналмилалии “Электротехника – 2024” аз ҷониби Донишгоҳи техникии Тамбов-и Федератсияи Русия тариқи онлайн баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз намояндагони муассисаҳои олии давлатҳои Осиёи Марказӣ низ донишҷӯён иштирок намуданд. Аз ҷумла 10 нафар донишҷӯёни бахшҳои якум ва чоруми ихтисоси 430103-01 “Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ”-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ ба тариқи маҷозӣ дар ин олимпиада ширкат намуданд.
Олимпиадаро муовини якуми Донишгоҳи техникии Тамбов доктори илмҳои педагогӣ, профессор Молоткова Наталя Вячеславовна, директори Донишкадаи энергетика, асбобсозӣ ва радиоэлектроника, доктори илмҳои техникӣ Чернишова Татяна Ивановна ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ширкаткунандагон муваффақият таманно намуданд.
Ҳамчунин, дар қисмати ифтитоҳии ин олимпиада аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мудири кафедраи таъминоти барқ н.и.т. Абдуллоев Муҳамадхӯҷа Аҳмадхоҷаевич суханронӣ намуда, барои ҳамкориҳои тарафайн ба баргузоркунандагони олимпиада изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба кулли иштирокдорон комгорӣ таманно кард.
