Дар ҳама давру замон инсонҳоро бо хислату рафторашон дар байни ҷамъият мешинохтанд ва баъзан ҷамъият худаш афродеро, ки бар хилофи ахлоқи инсонӣ рафтор менамуд ё рафтори ношоистаро пеша мекард, аз он берун мекард. Ва ин идда инсонҳо бо ҳамон хислату рафторашон ба худ ном мегирифтанд, ки ин ном дар бадали номи асли баамал меомад ва асли мақсад ҳам шинохт аз чеҳраи ронадшуда аз ҷамъият буд, то ҳам сабақ шаваду ҳам инсонро эҳтиёт намоянд худро аз чунин тоифа.
Ҳамеша афроди дуздпеша, дурӯғгӯй, ғаддор, ҳаннот, авбош ва хиёнаткор дар ҷамъият ҳамчун хислати номақбул ва ғайри инсонӣ ҳисобида шуда, доим ин иддаро ҷамъият мазамат намудааст. Вале дар солҳои 90-уми асри 20 иддае пайдо шуданд, ки дигар на шарм доштанду на виҷдон ва на парвои ахлоқи ҷамъиятиву ҷойгоҳи минбаъдаи худ. Ин тоифа аъзоёни ТТЭ ҲНИ буданд, ки бо созмонҳои ифротӣ-террористии байналмилалӣ ва гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ ҳамкорӣ намуда, бар алайҳи миллати хеш ҷангиданд ва миллатро хостанд гумроҳ созанд. Албатта, он ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар кишвар ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро ташкил карданд як ҳақиқати бебаҳс аст ва дар таърих дар ин масъала беҳтару возеҳтар гуфта шудааст, ки чӣ тавр наҳзатиён бар алайҳи миллат ҷангиданду кишварро ба майдони хоку хун табдил доданд.
Зиёда аз 160 000 шаҳрванди бегуноҳ кушта шуд, зиёда аз 1 миллион нафар гуреза шуд, зиёда аз 10 миллиард доллар хисороти моддӣ ба иқтисодиёти кишвар оварда шуд, ки ин як талафоти бузург барои кишвари мо буду наҳзатиёни палидро бошад он вақт асло парвое набуд. Ҳол он ки ин ҳама зарари овардаи наҳзатиён бар миллату давлати мо мебошад. Доғи дили ҳазорон шаҳрванди кишварро, ки то кунун малҳами худро наёфтаасту ҷаҳоратҳои синааш то кунун месӯзад.
Ин корҳое буд, ки аз ҷониби хиёнаткорон ва хоинону ватанфурӯшон ва беномусону молпаратсони наҳзатӣ сурат гирифта буду ин наҳзатиёни манфур бошанд, асло парвои инро надоштанд.
Фақат ин ҷо бармегардем бар он, ки агар хислати пасти инсониро зуд мушоҳида намуда, онро инсонро огоҳ накунем ё аз байни мардум набарорем, ба як хиёнаткор ва душмани ашадии худи ҷамъият мубаддал мегардад. Зеро дузд, ризқашро аз дуздидани бисёр таъмин мекунаду барояш амалҳои ношоиста дигар фарқе надорад, ки мисле ки имрӯз душманони миллати тоҷик аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳам аз ҳамон тоифае ҳастанд, ки даст ба хиёнаткориву душманӣ зада, ба манфитаи душманони миллати тоҷик имрӯз хоҷагони хориҷияшон наҳзатиён фаъолият мебаранд, ки хиёнатест нобахшиданӣ.
Некварз Маҳмудзода
омӯзгори ДКМТ