Яке аз масъалаи муҳими истеҳкоми ваҳдати миллӣ ва рушду камоли маънавии Тоҷикистон истифода аз мероси бузурги ниё-гон дар тараққиёти Тоҷикистони навин маҳсуб мешавад. Мероси динӣ, илмӣ ва адабии аҷдодони кабири халқи тоҷик ва оқилона истифода намудани он дар ҳаёти ҷомеа, бешубҳа, боиси мустаҳкам гардидани ваҳдати миллӣ хоҳад буд. Дар асарҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Аз Ориён то Сомониён”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, маърӯза ва мақолаҳои эшон дар бораи 1100-солагии Давлати Сомониён, таҷлили ҷашнҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки бо унвони Имоми Аъзам машҳур аст, муносибати Сарвари давлат ба мероси маънавии миллат ва истифодаи он дар навсозиҳои Тоҷикистон хеле равшан зуҳур мекунад.
Яке аз василаҳои хеле муҳими истеҳком ва густариши ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мулоқотҳои анъанавии Президенти кишвар бо аҳли зиё – олимон, шоирон, нависандагон, омӯзгорон, рӯзноманигорон, ҳунармандон, ходимони тиб ва амсоли инҳо мебошанд. Сарвари давлат, ҳатто, яке аз суханрониҳои худро дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат (19 марти соли 1997) “Ваҳдати миллӣ мароми мост” номидаанд. Мулоқотҳои пурмӯҳтавои Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён моломол аз ғояи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин мулоқотҳо, ки ба ҳукми анъанаи наҷиб даромадаанд, рӯшантарин нишонаи ваҳдати Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни эҷодкор ба шумор меоянд, моҳиятан сиёсати фарҳангии Президенти кишвар маҳсуб мешаванд.
Президенти кишвар дар суханрониҳои худ бо аҳли илму адаб ва ҳунару матбуот ҳамеша афкори тоза мегӯянд, масъалаҳои нави мубрам ба миён мегузоранд. Агар як силсилаи он масъалаҳо ба таври ҷадид омӯхтани таърих, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бошанд, дигаре эътибори ҷиддӣ додан ба дастовардҳои давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Фикру андешаҳои консептуалии Сарвари давлат тамоми мардуми эҷодкори мамлакатро ба эҳё намудани таърихи ғанӣ ва пурифтихори халқи тоҷик ба таҳлилу тадқиқи илмӣ ва бадеии дигаргуниҳои куллии замони мо ҳидоят мекунанд. Сӯҳбатҳои Президенти мамлакат ба эҷодкорони мо нерӯи азими маънавӣ ато мекунанд ва онҳо тамоми қувваи эҷодии худро ба кашфиётҳои тозаи адабӣ ва илмӣ мебахшанд. Ин аст, ки донишмандон, нависандагон ва ҳунармандон ба таърих таҷдиди назар доранд ва аз рӯи корҳои бузург – ислоҳоти иқтисодӣ ва иншоотҳои азими даврони мо – ояндаи пурбаракати Тоҷикистонро мебинанд.
Дар натиҷаи ҳамин гуна навҷӯиҳо дар давоми 28 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар олами адабиёт ва санъат чунин асарҳои шоиста рӯи кор омаданд, ки ин гуна асарҳо дар давоми 70 соли ҳокимияти шӯравӣ ба вуҷуд наомадаанд. Ин ҳама натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакатамон мебошанд.
Маҳз ба шарофати талошу муборизаҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон шароити осоишта фаро расид, маҳз дар натиҷаи ягонагии Сарвари давлат ва ҷамъият сулҳи пойдор барқарор гардид, маҳз ба туфайли ҳаракатҳои пайвастаи халқ ва роҳбари хирадманди он Тоҷикистон Ватани сулҳ ва кишвари соҳибихтиёри демократӣ гардид. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беҳтарин шароит дар ҷодаи созандагист, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сиёсатро пеш гирифтаанд.
Дар самти шинохти миллӣ бояд пайваста асарҳои ҷолибро манзури умум намоем.
И.Абдулоев
Муҳарири “Маъданшинос”