Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои пурпечутоби низоми сиёсӣ дар кишварҳои мусалмони гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократи, ки низоми барҷастаи таҳлилкардашудаи навини давлатдорӣ мебошад аз ҷониби гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода бурда, динро ливои хеш қарор дода, давлатҳои мусулмонии Шарқро ноором намуда, оташи ҷангу ифротгароиро фурӯзон менамоянд. Хизбу харакатхои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд.
Ин маънои онро дорад ки то ханӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон харакати мардумии “Растохез ки баъди интишори қонун “ Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон кабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ефт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ чой доранд, ки онҳороба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд.
Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпўшониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад.
Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист. Мақсади ҲНИ низ ба даст овардани ҳокимияти давлати бо роҳи ғайриқонунӣ мебошад, ки хушбахтона мардум ва давлати озодманиши Тоҷикистони ҷавону пуриқтидор аз кирдорҳои ҷосусонааш бохабар гардида барои дур карданаш аз саҳнаи сиёсати одилонаву қонунсолорона ҷаҳд намуданд. Дар ниҳояд ТЭТ ХНИ баста шуд, яъне 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд. Тавре иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, рӯйхати ташкилотҳое, ки террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулити СААД имконпазир гардонад.
Руйдодхои солҳои охири ҷахон, тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африкои Шимоли, Аврупо ва дигар кишвархои дунё собит месозад, ки экстремизм ва терроризм хамчун хатари аввалияи умумибашарӣ эътироф шудааст. Моро зарур аст,ки дар муассисахои таълими арзишхои миллиро ба ҷавонону донишҷӯён омузонем. Донишҷӯёнро ба рӯхияи ватанпарастӣ, эхтиром гузоштан ба бузургони миллат, сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатро хамачониба дастгири намудан мохияти экстремизму терроризмро фахмонем ва аз ин рох онхоро баргардонем.
Махсусан имрӯзҳо дар қораи Аврупо дар шаҳри Варшава нишасти САҲА баргузор гардидаистодааст, дар он намояндагони воломақоми ҷуҳурии Тоҷикистон бевосита ширкат ва суханрониҳо кардаистодаанд.
Ҳамзамон дар қатори дигар давлатҳову созмонҳои ҷамъияти ҳайъати мухолифини Тоҷикистон бо номҳои «Паймони миллӣ, гуруҳи 24, ҲНИТ…» ширкат намудаистодаанд.
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз соли 1994 дар Тоҷикистон боз кор мекунад, соли 2008 фаъолиятҳояшро тавсеа дод ва марказро ба дафтар табдил дод. Буҷети дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманд аз дохили Тоҷикистон кор мекарданд.
Боиси таассуфи амиқ аст, ки имрӯзҳо дар нишасти мазкур чанд тана аз намояндагони манфури касифи бадномҳои дуруғгӯи буздили хоинони миллат азизи Тоҷикистон дуруғпардозиҳо доран. Чунон ба назар мерасад, ки дар Варшава як майдони бо ном муколамаи сиёси бунёд гардида барои интишори хабарҳо иғвоангезонаи мухолифини сарсахт минбар сохтаанд.
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз соли 1994 дар Тоҷикистон боз кор мекунад, соли 2008 фаъолиятҳояшро тавсеа дод ва марказро ба дафтар табдил дод. Буҷети дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманд аз дохили Тоҷикистон кор мекарданд.
Шӯрои доимии созмон қарор кард, ки мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тағйир ёфта, минбаъд ба ҳайси “Дафтари барномаҳои OSCE дар Душанбе” фаъолиятҳояшро идома бидиҳад.
Соли 2016 Тоҷикистон аз роҳ ёфтани мухолифин ба нишасти САҲА дар Варшава, ки бо намояндаи давлат вориди баҳс шуданд, ва одоби нишастро сароҳатан вайрон намуданд аз дуруғу таҳқир суханро оғоз намуданд нигаронии амиқи худро баён намуда буд. Нигаронии мо Тоҷикистониён аз он аст, ки САҲА ба афроди таҳти ҷустуҷӯ ва муттаҳам ба терроризму ифротгаро минбар медиҳад, ки орӯю нуфузи САҲА коста мегардонад.
Чун ҳарвақта роҳбари гурезаи ҲНИ, ки ташкилоти террористӣ шинохта шудааст чанд созмонҳову расонаҳои дар хориҷ фаъолияткунандаро баҳри пиёда гардонидани “ормонҳои худ ва ташкилоти террористиаш” амалӣ намуда дигарбора вазъро муташанниҷ кардан мехоҳад ва дар созмони САҲА худро сифр бегуноҳ нишон додаистодааст.
Дар асри ҷадид дар ҳоле, ки суръати техникаву техналоги ба кайҳон баробар шудаистодааст барои касе пинҳон нест, ки роҳбарони фирории ташкилоти террористии наҳзати ислом аз ҳиллаҳои нав, мин ҷумла иштирок ва баромад намудан дар нишасти САҲА фаъолона ширкатварзӣ намудаистода барои мавқеи сиёсии худро орову торо додан аз ҳамагуна дину диёнат арзишҳои маънавию мазҳабӣ ва миллӣ гузашта чеҳраи манфуру манқуташро ҷилвагар намудаистодааст. Ин далолат бар он мекунад, ки ин ташкилотҳову созмонҳои ба ном демократӣ дар паси бозиҳои сиёсиву геополитикии баъзе дойраҳои махсуси нооромкунандаи ҷаҳони муттамаддин бол ба бол истодаву думболи аҳдофи разилонаашон ҳастонд. Имрӯз Кабирӣ бояд бидонад, ки дар ин аср ҳамаи фиребу дуруӯҳояш , ки баъзан бо суханони олимонаву файласуфона оро дода шудаанд суде барояш намеорад ҷуз бадбахти, зеро ҷавонони миллати ғаюри Тоҷикистон аз гузаштаи начандон дур ҷабри бадбахтиҳои таърихро аз дасти ин ҷоҳилони бадбахти курсавод кашидааст.
Бинобар ин зарур ва ногузир аст, ки мо миллатдорони сарбаланди ин замини биҳиштосо ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва ба ҳар гуна дасисиву найрангбозиву фиреби доираҳои манфиатхоҳ нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем ,таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва оромии фазои сиёсиву иқтисодии ҷомеа барои давлатдории точикон нақши бориз ва сарнавиштсоз дорад.
Тули чандрӯз мешавад, ки дар Варшава нишасти САҲА идома крдаистодааст. Дар ин нишаст намояндагон аз чанд давлати дунё ҳузури бевосита ва суханрониҳо доранд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз ҳама бо ном мухолифинҳои сарсахту нотавон аъзоёни Паймони милли , ҲНИ ва Гурӯҳи24 мебошанд, ки рафторашон хело хандовар ба назар мерасад. Одобу маърифад ва дипломатия тамомн аз онҳо дур афтодааст. Ҳайъати намояндагии мухолифини дигар кишварҳо хело бо лаҳни нарму самимият фикрҳояшонро баён медоранд, мутаассифона ин нотавонҳои бесаводу коҳил ва ҷоҳил махсусан Илҳом Ёқубов, Муҳиддин Кабирӣ, ва чанд тани дигар хело бо лаҳни тунду душманона дар ҳақи миллат суханронӣ намуда, хуро фариштаву бегуноҳ меҳисобанд.Ин ҷинояткорони нотавон ғуломони даъвии озодидошта аз он бехабар ҳастанд, ки то ин рӯз хуни мардуми бегуноҳ мисли ҷӯи равон зудуда нагаштааст.
Таърихро касе фиреб дода наметавонад солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги бародаркуш то ҳол аз хотири мардуми тоҷик нарафтааст. Ҳамаи он солмандоне, ки дар қайди умр ҳастанд шоҳиди ҷангҳои бемаънии бародаркуш буданд ва медонанд, ки ба он киҳо сарвари мекарду чӣ мақсад доштанд. Махсусан наттоқони лаини ҲНИ дар он давра мисле, ки ҳоло дар САҲА ҳастанд мардумро ба майдонҳо ҷалб менамуданд. Имрӯз Кабириву ҳампаймонҳояш интернетро ба виҷа фейсбуку ютюбро маркази баҳсҳои бемаъни намуда, фаъолияти ҳамарузаашонро интишор менамоянд ва кушиш мекунанд, ки ҷавонони аз илму дониш дур мондаро зери асолати хеш қарор диҳанд, зеро медонанд, ки ҷавони аз дину диёнат аз илму матонату фарҳанг ва илми меҳанпарасти бархурдор ҳеҷгоҳ фирефтаи суханварии рубоҳонааш намегардад. Аз ин лиҳоз ҷаҳд менамояд, ки мисли худаш ахмақонро дар атрофаш муттаҳид намуда худро дар саҳнаҳои сиёсии ҷаҳони ҷилвагар менамояд. Таҳлилҳо бозҷӯиҳо аз тариқи шабакаҳои ҷаҳонӣ фикррониҳои олимону хирадмандон ҷомеаи мадании тоҷикон ва ҳамзамон тоҷикони бурунмарзӣ бозгӯйкунандаи он аст, ки баромадкунандагони ҳайати мухолифини Тоҷикистон, ки дар як навбат душаманони ошкорои ин миллати куҳансолор маҳсуб меёбанд дастгири ва исботи худро наёфта шармандавор аз утоӣҳои корӣ ва мизҳои мудаварӣ САҲА бурун рафтаистодаанд. Ин маънои онро дорад, ки Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамдастонаш пару боли шикаста созмони САҲА- ро барои ин сол падруд мегуянд. Ва ҳамзамон пешгӯиҳои дурбинона гувоҳӣ медиҳанд, ки дар фурсатҳои наздиктарин ин ташкилотҳои разилонаву ҷоҳилонаи беҳайсият аз қораи аврупо бадар карда мешаванд,зеро сол то сол найрангу дуруғбофиҳояшон ифшо шудаистода, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ зишттару манфур шудаистодаан. Имрӯз сутун ва пояи асосии давлатҳоро муносибатҳои иқтисодӣ идора менамоянд дар замон иқтисоди бозоргонӣ давлатҳои қораи Аврупо намегузоранд, ки барои чанд тан ватанфурӯшон муомиллотҳои миёнамарзии худро коста намуда ба иқтичодиёташон хатарҳои буҳрониро дучанд намоянд. Аз ин ҷиҳат барои муомиллаи накуву ҳамсоягӣ дошатан бо кишварҳои минтақа махсусан бо Тоҷикистон, ки маркази Осиёи маркази маҳсуб меёбад ва роҳи абрешим дар он мегузарад инчунин аз сарватҳои табиӣ бой мебошад Аврупоро водо месозад, ки даст аз пуштибонии мухолин бардошата барои муомиллаи судманди дуҷониба бо минақа якрӯю як маромиро пеша намояд. Дар умум агар дар нишасти САҲА натиҷагирӣ намоем бохти мухолифини Тоҷикистон бармало гардида, обрую нуфузашон хело заиф гардидааст. Аз нигоҳи ҷавонони фаъоли миллат нишасти САҲА дар соли 2019- ро таҳлил намоем барои ҲНИ , Паймони милли ва Гурӯҳи 24 нишасти марг эътироф шудааст. Зеро дур нест, ки таназзули ин гурӯҳчаҳо дар саросари Аврупо пазируфта шавад.
Хушбахтона дар сессияи тақдирсози 16-ум вакилони халқ барои сарварии Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешбари намуданд. Суханрониии аввалини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки ман ба халқам сулҳ меоварам. Ин марди худоназаркарда тоҷики асил абармарди миллат ҷойгузини баруманди Исмоили Сомонӣ –муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ ба ҷанги бародаркуш хотима бахшиданд. Сарвари давлат барои барқарор кардани сулҳу ороми борҳо бо мухолифин сари як мизи гуфтгӯ нишаста кӯшиш ба харҷ доданд, ки сулҳро пойдор намоянд. Шукрона дар кишвари биҳиштосоӣ Тоҷикистон сулҳу ороми танинандоз шуду мардуми фиребхурдаву ҷабрдида ба зиндагии арзандаву покиза мушарраф гардиданд.
Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққи дода ,роҳҳои мусолиҳатомезу дурусти онро манзури омма қарор диҳад.
Вазъияти ногувори амният дар ҷахон фаъолиятҳои гурӯҳҳои ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, зидди амалӣ шудани ниятҳои муғризонаи хоинон гардем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иктисодиёти кишвари маҳбубамон саҳми худро гузорем. Дар шароити мураккабу пуртаззод зарур шуморида мешавад, ки чун ҳарвақта мардуми сарбаланду ғаюру тавонманди тоҷик дар зери партави ҳидоятҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардида, сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатро сармашқи кору пайкори хеш намуда, баҳри ободии ин марзи биҳишосо камари ҳиммат бубандем. Ва нагузорем, ки ин хоинони бадбахт дар кишвари мо фазои холии сиёсиро бунёд намуда, андешаҳои куҳнаву фарсудаву даридаашонро таҳмил намоянд. Зеро ин миллати Ориёитабор сазовори арзишмандтарин ва накутарин зиндагии шоиста мебошд.
Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
Давлатов Д.С.