ШИКАСТИ КАБИРӢ

Кабирӣ солҳои охир пайваста бо шикаст мувоҷеҳ буд ва ҳаст. Дар бораи ин шикастҳо борҳо навиштему навиштанд. Ҳоҷати такрор нест. Акнун соли 2019-ро бо шикаст оғоз кард.

Муддати як ҳафта расонаҳои наҳзатӣ, пеш аз ҳама «akhbor.com» дар бораи гуфтугӯи роҳбари «Паймони зиддимиллӣ» Муҳиддин Кабирӣ бо «мардум» ҷор мезаданд.

Ҳисси кунҷковиам боло гирифт ва ман ҳам саҳифаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро рӯзи 18-уми январ кушода, ба ин «суҳбати рӯ ба рӯ» таваҷҷуҳ кардам.

Шояд пурсед, ки чи хулосае аз он барои худ касб кардам?

 Хеле навгониҳо бароям кашф шуд. Нахуст ҳолати рӯҳӣ-равонии Кабирӣ бароям аҷиб буд. Аз Кабирии замоне ором, депутати бовиқор, ба қавли худаш «сиёсатмадори таҳаммулгаро» ва «собир» (яъне сабркунанда) нишоне намондааст.

Саволҳои дода ӯро ончунон аз мувозинат бароварда буданд, ки пишакеро мемонд дар оби хунуки чиллаи зимистон таркарда ва таги девор партофташуд. Диррос меларзид ва вақте коми боло ба зераш мерасид, садояш бо ларзиши гуфтораш мепечиду якҷоя оҳанги дам сар додани рӯдаи омӯхтгаштаи ҳамсояамон Амруллоҳи «Гӯ…ин»-ро мемонд.

Ба меҳмоне монанд буд, ки шаб дар хонаи каси дигар хоб рафтаю дар ҷойхоб мезидааст ва ҳангоми чойхӯрии пагоҳӣ намедонад чӣ кор кунад, чӣ гӯяд ва дуо мекунад, ки ҳарчӣ зудтар таомхӯрӣ ба охир расаду ин хонаро тарк гӯяд. Аммо бо вуҷудии сираш фош мешаваду шарманда мегардад.

Аз ваҷоҳаташ ҳамсони харе буд, ки аз ниҳояти ҷоҳилӣ худро рӯи ях ба шикам мепартояду соҳибаш бо зӯри ресмон ӯро кашола карда мебарад.

Бале, маълум буд, ки Кабириро кашида оварда буданд, то худро ҳамчун роҳбари «Паймони зиддимиллӣ» муаррифӣ кунад. Ва муаррифӣ кард. Ва бори дигар шикаст хӯрд. Бори дигар шарманда шуд. Чаро?

  1. Ӯ эълон кард, ки аз ҲНИ даст кашиду роҳбари ба ном «ПМТ» шуд. Яъне таърихи бо заҳмат бофтаи пирони наҳзатиашро дар хусуси чандсола будани ҲНИ ба боди фано партофт. Пиронашро фурӯхт.
  2. Аз ташкилоти ба ном «наҳзати исломӣ» рӯ гардонд. Ӯро бо дасти худаш аз саҳнаи сиёсӣ берун карду қабрашро канд.
  3. Барои касе пӯшида нест, ки ба ҷуз Кабирию наздиконаш, ки бо мувофиқа ва огоҳ намудани мақомоти давлатӣ худро аз ҳудуди Тоҷикистон берун кашид, боқимонда аъзои Раёсати олии ҲНИ дар Ватан монданду ҳоло дар маҳбасанд. Ӯ дар хусуси таъсиси ташкилоти нав ва ҳазфи номи «ислом» назари онҳоро напурсиду мустақилона тасмим гирифт. Яъне як бор онҳоро фурӯхту баъди талоши кудетоаш дар Ватан партофт, акнун ҳизбашонро нест кард.
  4. Намедонам назари ғуломакон ва қурбониёни наваш аз гурӯҳи ба ном «озодандешон» (ё бренди ба онҳо часпонидаи муаллифони фейсбуки «Чор ёри алкаш»)-ро пурсида буд ё не, амалан эълон кард, ки мақсади аслии «ПМТ» «сафед кардан»-и босмачиҳо ва ҳаракати босмачигарӣ мебошад. Ба ақидаи Кабирӣ Саид Олимхони манғит, Анварпошшо, Салимпошшо, Мухиддинбеки турк, Иброҳимбеки лақай ва Абдулқаюм Парвоначии қарлуқ, Туянқулу Тошмату Туғайсарӣ ва дигарон ҳама барои манфиатҳои миллӣ-озодихоҳи мубориза мебурданд. Кадом миллат? Тоҷик? Хари Афандиро аз ханда куштӣ-кӯ, эй Кабирӣ! Ба ҳар ҳол онҳое, ки ин суҳбати Кабириро гӯш карданду хонданд ба як хулоса омаданд:

Кабирӣ дар ҳақиқат ташкилоти нав – «Паймони зиддимиллӣ» таъсис дод ва онро презентатсия кард. Презентатсияе, ки мазҳакаро мемонд ва бо шикаст рӯ ба рӯ шуд.

Шарипова М.З. –дотсент