ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

9 январи соли 2019 бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқова Насиба Нуруллоевна, Мирзозода Мавлуда Зайнӣ, Ашурова Гулбаҳор Сангиллоевна, Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон перомуни шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот баргузор гардид.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оғоз гардида, мавсуф оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни паҳлуҳои гуногуни Паём сухан ронда, аз ташаббусҳои нек ва дастовардҳо дар соли 2018 ёдовар шуданд.

Гуфта шуд, ки воқеан соли 2018 дар таърихномаи кишвари маҳбубу соҳибистиқлоламон соли хуҷаставу фаромӯшнопазир ва соли заминагузории устувор ба ояндаи ободу дурахшони Ватани азизамон гардид. Маҳз дар ин сол бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии кишвари мо дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Ҳамзамон рӯйдоди хубу хотирмони соли сипаригардидаистода ин ифтитоҳи чархаи якуми неругоҳи барқи обии Роғун маҳсуб меёбад, ки намунаи равшани бунёдкориву матонати мардуми шарифи кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Дар ин соли фаромӯшнопазир барқарор гардидани муносиботи ҳамҷавор бо кишвари дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон, вусъат пайдо намудани рафтуомади сокинон аз рӯйдодҳои дигари соли равон шаҳодат медиҳад.

Дар меҳвари Паёми Пешвои миллат масоили баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум қарор дошта, баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар ин ҷода таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафҳои стратегии кишвар муқаррар гардидааст.

Боиси зикр аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.

Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Ин омил барои рушди босуботи Ватан ва таъмини рӯзгори ҳар як фарди кишвар замина мегузорад.

Қайд гардид, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ бо дастури бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда шуд.

Инчунин, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад. Яъне ин иқдомҳои шоиставу дурнигарона баҳри рушди босуботи соҳаи истеҳсолоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Тавре маълум аст, соли 2018 дар кишварамон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида ин тадбири муҳим дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

Ва бо ин мақсад 2 январи соли 2019 Фармони Президенти мамлакат ба тасвиб расид.

Дар интиҳо як қатор иштирокдорон бо ҷонибдорӣ аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои хешро баён намуданд.