Тибқи Нақша- чорабиниҳои раёсати донишкада санаи 20.01.2020 с. дар факултети корҳои кӯҳӣ оид ба нуқтаҳои асосие, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, чорабинӣ бо иштироки кормандону омӯзгорони факултети корҳои кӯҳӣ гузаронида шуд.
Сараввал, чорабинии мазкурро декани факултети кӯҳӣ Самадова Г.М. ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат раҳнамою тақдирсози миллати тоҷик мебошад. Ба ин васила моро мебояд аз рӯи он амал намуда, баҳри ободии кишвар саҳмгузор бошем.
Баъдан, оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷи Аминҷонова М.С. баромад намуда, кайд намуд, ки Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо , аҳли маориф ва ҷомеа , вазифа мегузоранд , ки бо роҳи густариш додани арзишҳои нек раванди ташаккули ҷомеаи фарҳанги пешрафтаро тақвият бахшем ва насли навро ҳамчун инсонҳои соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расонем.
Ҳамчунин, изҳор намуданд, ки сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта, барои тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат раҷобатпазир саъю кӯшиш намоем.
Баъдан, аз ҷониби иштирокдорон баҳри амалӣ гардидани супоришҳои Пешвои миллат муколамаи муфид доир гардид.
Дар фарҷом, муовини декан оид ба тарбия Холбоев Р. Я. баромад намуда, қайд намуд, ки барои амалӣ гардидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сарҷамъона фаъолият намуда, аз руи Нақша-чорабиниҳои факултет оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат корбарӣ менамоем.