Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ноҳияи Б.Ғафуров оид ба шарҳи моҳият ва мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ ва кормандони соҳаҳои мухталифи тандурустӣ, маориф ва илми ноҳия баргузор гардидаистодааст.
Санаи 3.02.2021с. дар бинои муассисаи таълимии рақами 8 – и ҷамоати деҳоти Овчиқалъача гурўҳи корӣ бо роҳбарии н.и.и.,дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ-ректори Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон, Анварзода Амирҷон –раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров, Зоҳидов Олимҷон Алиҷонович –сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо аҳолӣ мулоқотҳо гузарониданд.
Роҳбари гурӯҳ муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар маърӯзаи худ баён намуданд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамалакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, таъкид карданд, ки новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии КОВИД -19 халқи шарифи кишвар бо меҳнати ҳалолу бурдборонаи худ дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд.
Инчунин, зикр намуданд, ки дар муроҷиати самимонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор ва сокинони мамлакат бобати бо заҳмати бештар боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаю канори мамлакат ҳар яке моро водор месозад, ки дар иҷрои ин дастури Пешвои муаззами миллат саҳмгузор бошем ва ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовору арзанда истиқбол гирем.
Дигар аъзоёни гурӯҳ низ ба ҳамин шакл андешаҳои хешро вобаста ба Паёми Пешвои миллат иброз намуда, нуктаҳои муҳимро шарҳу тавзеҳ доданд.
Саидов Анвар