Мо, насли ҷавон-пайравони шоистаи Пешвои миллат дастгириву ғамхориҳои Ҳукуматро нисбати ҷавонони вилоят пайваста эҳсос менамоем ва мехоҳам миннатдории самимии донишҷӯёни донишкадаро иброз намоям.
Бо иқдоми Раёсат ба истифода дода шудани хобгоҳи замонавӣ ва майдончаи варзишӣ дар назди донишкада самараи сиёсати бунёдкориву созандагии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишкада нисбати мо ҷавонон мебошад. Ҳамзамон , бояд қайд намуд, ки омӯзгорону донишҷӯёни донишкада дар чорабиниҳои варзишии сатҳи шаҳрию вилоятӣ, ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ба истифода дода шудани майдончаи нави варзишӣ, бешубҳа барои тарбияи ҷисмонии донишҷӯён ва дастовардҳои варзишӣ мусоидат хоҳад кард.
Боиси хушнудист, ки имрӯз дар донишкада барои илмомузӣ, ихтисосҳои дар донишкада амалкунанда, дар маҷмуъ барои омода намудани мутахасисони варзидаи соҳаи металлургия, корҳои куҳӣ, саноати нафту газ ва энергетика ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар охир аз номи кулли донишҷӯёни донишкада бовар мекунонам,ки баъди хатми донишкада ба ҳайси мутахасиси соҳаи металлургия барои рушду пешрафти Ватани азизамон ва ба кишвари саноатӣ ва иқтисодиёти пешрафта табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми донишу малакаи худро равона менамоям.
Алишери Ғоиб,омузгори ҷавон