Донишҷӯёне, ки аз кишварҳои ҳамсоя ва дӯсту бародар ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, барои супоридани имтиҳоноти давраӣ ба донишкада омада бо муваффақият сессияи имтиҳониро ҷамъбаст намуданд, дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Муҳаммадиев Акбархон иттилоъ дод.
Тибқи иттиллои сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалии донишкада зиёда аз 130 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар факултаҳои донишкада таҳсил менамоянд, ки дар давраи супоридани имтиҳонҳо, ки ба шаҳри Бӯстон омада буданд, бо супориши ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба беҳтарин шароит ҳо дар хобгоҳи донишкада ҷойгир карда шуданд.
Донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷониби сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалии донишкада пазируфта шуда, бо тамоми ҷиҳози зарурии таълимӣ ва ҳамзамон маводи таълимӣ бо ду забон таъмин гардонида шуданд, ки барои омӯзиш ягон мушкил вуҷуд надошт.
Тавре, ки қаблан иттилоъ доред, имрӯзҳо таваҷҷуҳи донишҷӯёни бурунмарзӣ барои дохил шудан ба ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зиёд гардидаистодааст ва аз ин лиҳоз довталабон метавонанд, ҷиҳати дарёфти иттилооти зарурӣ ба сомонаи донишкада мурур намоянд.
Ногуфта намонад, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар Осиёи марказӣ мебошад, ки дар самтҳои гуногуни соҳаи саноат мутхассисонро омода менамояд.
М. Сайидзода