ШАРМАНДААТОН БОД АБЛАҲОН ВА НОХАЛАФОНУ ГАДОЁНИ ДАР БА ДАРИ ХОРИҶӢ: КАБИРӢ, ИЛҲОМУ САЙИДЮНУС ВА ….!

Гурӯҳҳои    терорристӣ,  ки  ифодакунандаи  манфиатҳои давлатҳои  алоҳида  мебошанд  бо  истифода  аз    ислом   рӯз  ба  рӯз   шаклҳои  нави  террорро   коркард  намуда  истодаанд,  ки  пойомадҳои  манфии  иқтисодиро   низ  ба  кор  меорад. Дар  натиҷаи    амалиёти  нерӯҳои    “Давлати  исломӣ”   зиёда  аз  200    ҳазор  шаҳрвандони  Сурия    гумному  кушта  шуданд,  ки   аз  ин  шумора   10  ҳазор  нафар  кӯдакон  ташкил  медиҳанд.  Зиёда  аз  3млн.  нафар   тарки  ҷову    макони  худро  карданд.  Зарари  молиявии    ба  ин  кишвар  расида  ба  104  млрд.  доллар  баробар  аст. 

Бояд  зикр  кард, ки  имрӯз  ҳар  як  фарди  Тоҷикистон аз  он ҷумла,  ҷавонони мо  ба  қадри  сулҳу  ваҳдат  ва  ягонагӣ,  оромӣ,  сулҳу субот,  тинҷӣ ва  ҷомеаи  солимро  қадр  намоянд.  Бо баробари  ин  дастаҷамъона барои  ҳифз  кардани  Истиқлолияти  давлатӣ  вазифадоранд. 

Қайд кардан  зарур  аст,  ки    ҳар  як  шаҳрванди  солимақл    бояд  дарк  намояд,  ки    ваҳдату  ягонагӣ    масуассартарин    воситаи  мубориза    бар  зидди  ҳама  гуна  зуҳуроти номатлуб  мебошад

         Мо  нагузорем,  ки  дар  ҷамъияти  мо  душманони  миллат  фарҳанги   бегонаро  раво  бинанд.  Аз  ин  рӯ,  тамоми  тоҷику  тоҷикистонӣ  дар  тафаккури худ ба  таври  аниқ  дарк  намояд,  ки   таъмини  фазои  сулҳу  оромӣ ҷамъиятии  демократиро  ба  пеш  мебарад.   

          Аз  ин  лиҳоз,  ҳар  яки  моро  зарур  аст,  ки  дар  фикри  таъмини  амнияти миллӣ бошем.  Дар  раванди  дарсҳоямон  ҳамчун  устод  ба  шогирдони  худ  муқаддас будани  Ватан ва  ҳифзи  он   – қарзи  виҷдони  ҳар  як  шаҳрвандро  дарк  кунонда  тавонем. Мафкураи  ҷавононро  баҳри  обод  кардани  кишвари  азизамон   омода  созем.  Дар  тарбияи  насли  имрӯза  баҳри  бунёди  давлати  демократӣ  хиштҳои  маънавиро  чунон  гузорем,  ки  дар  мустаҳкам  шудани  пойдевори  давлатамон  ҳиссагузор  бошем.

Қайд кардан зарур аст, ки як лаҳзае оиди болоравии нархи интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тезу тунд рафтанд. Ва қисме аз нохалафон чун Муњиддин Кабирию Илњом Ёќубов аз ин вазъият истифода бурданї шуданд. Миллат додрас дорад. Дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон санаи 23.04.2019 оид ба нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шудан, дастур доданд. Баъд аз оне, ки  ин хабар ба шабакаҳои иҷтимоӣ эълон шуд, имрӯз он лофзанони хиёнаткор оиди нархи интернет сухан карда буданд шармандавор ва боз бо сари хам назди хољагонашон бенатиља бармегарданд.

Шармандатон бод аблаҳон ва нохалафону гадоёни дар ба дари хориҷӣ: Кабирӣ, Илҳому Сайидюнус ва ….!

 

Ҳошимова  Шафоат Файзуллоевна

дотсенти кафедраи методикаи

таълими таърих ва ҳуқуқи

ДДХ ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров