Санаи 13-уми майи соли ҷорӣ дар донишкада шанбегии умумӣ гузаронида шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Розиқов Абдусамад иттилоъ дод. Кормандону омӯзгорон дар шанбегӣ фаъолона ширкат намуда, гирду атроф ва саҳни асосии донишкадаро аз партовҳо тоза намуданд. Сипас, роҳравҳои хиёбони шаҳрро низ тозакорӣ намуда, ба таври комил пок намуданд.
Ҳамчунин, кормандони қисмати хоҷагӣ як гӯшаи заминро аз партовҳо ва решаву алафҳои бегона пок намуда, ба замини кишт табдил доданд, ки як гӯшаи санҷишии кишоварзӣ дар донишкада пайдо шуд.
Дар шанбегии имрӯза кормандон ба таври фаъол ширкат намуданд ва тамоми партову ифлосиҳо аз атрофи донишкада тоза карда шуд.