Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми кормандону донишҷӯён ширкат намуданд.
Донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон нахуст масоҳати умумии боғи донишкада, сипас гирду атрофи он, кӯчаҳои шаҳрро пурра аз партову алафҳои нолозим ва барги дарахтон тоза намуданд. Хиёбони асосӣ ва шафати донишкада низ пурра тоза карда шуд.
Дар шанбегии имрӯза кормандони қисми хоҷагию маъмурӣ низ саҳм гузоштанд.