Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми кормандону омӯзгорон ширкат варзиданд. Тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ раёсати факултетҳои корҳои кӯҳӣ, электромеханика, металлургия ва иқтисодиёти саноатӣ тамоми масоҳати донишкадаро тақсим намуда, аз баргҳои хазоншуда, тамоми партовҳо покиза намуданд. Сипас, заминҳои хобидаро канда, ба кишт омода намуданд.
Кормандони қисмати хоҷагидорӣ низ қисмати варзишгоҳ ва дигар атрофи хобгоҳро аз партовҳо ва баргҳои хазоншуда, тоза намуданд.
Дар интиҳо хиёбони шафати донишкада ва дигар ҷӯйбору роҳравҳо аз партовҳо тоза карда шуд.