Шанбегии умумидонишкадавӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз,  дар Донишкалаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегии умумидонишкадавӣ гузаронида шуд, ки дар он кулли омӯзгорон ва кормандони донишкада ширкат варзиданд.

Тибқи дастури роҳбарияти донишкада, саҳни донишкада, гулгашт ва заминҳои назди бино ба таври пурра тоза ва барои парвариши гулҳо омода карда шуданд. Ҳамзамон, дар заминҳои мазкур баҳри хуррам гардонии гулгашту хиёбонҳои атрофи донишкада, гулҳои парваришӣ шинонида шуданд.

Ёдрас мешавем, ки дар шанбегии имрӯза ҳамроҳ бо роҳбарияти муассиса  тамоми омӯзгорону донишҷӯён фаъолона дар сарсабзгардонӣ ва ободонии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намуданд.  

 

Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни  донишкада бо хушҳолӣ ба маъракаи сабзгардонии саҳн ва боғоти донишкада ҳамроҳ гардида, ҷиҳати боз ҳам тозаву озода гардидани саҳн ва атрофи бинои муассиса, ҳамчунин зеботар намудор шудани даромадгоҳ дар ҳамҷоягӣ бо бахши хоҷагӣ фаъолона меҳнат намуда истодаанд.

М. Сайидзода