Имрӯз, дар донишкада бо супориши ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи омӯзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад иттилоъ дод.
Дар ин рӯз кормандон ба корҳои ободониву созандагӣ пардохта, атрофи донишкада ва дигар утоқҳову зербиноро аз партовҳои зиёдатӣ тоза намуданд. Ҳамчунин, омӯзгорон ба қисматҳои тақсимшуда, сафарабар гардида, гулу гулзорҳо ва хиёбонҳои муайянро аз алафҳои зиёдатӣ пок намуданд.