ЧУН ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ

Мафҳумҳои нораво, зишт, нохуб дар тамоми давру замонҳо ҳамчун ифодагари амалҳои ношоиста ва номатлуб дониста мешуданд. Бадӣ аз ҷоҳилӣ сар мезанад. Ҳеҷ гоҳ инсони оқил бадие содир намекунад. Сарчашмаи бисёр бадиҳо муҳҳабат ба сарват мебошад. Молу сарват инсонро водор месозад, ки ба кори бад даст занад, аз ҷумла фиребу дурӯғ, хиёнату беиффатӣ, кинаҷӯиву тангназарӣ ва беномусӣ.

Фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб нишони хубии инсон аст. Таълимоти дини мубини Ислом ҳам тарбияи  нсони хуб, таблиғи амалҳои неку савобу хайрхоҳона аст. Адабиёту фарҳанги ғании миллати мо низ ба он ишораи хоса дорад. Ягон дастоварди хубе, ба мисоли бунёди роҳу боғ, тарбияи фарзанди хуб, таълифоти асари пурарзиш ё ақалан гуфтору рафтори хубе аз худ боқӣ гузорад, мавҷуд нест.

Дар замони муосир падидаҳои номатлубе байни ҷавонон пайдо шуда, чун шомилшавӣ ва гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аст, ки сарчашмаи ҳамаи бадиҳост. Таввасути ин амалҳои ношоиста, онро зиёни зиёде ба оромии хонадони худи ҷомеа мерасонанд. Даҳшатафканиву ваҳшатгароиро байни аҳолӣ бунёд менамояд. Аз номи дини мубини Ислом гурӯҳҳои манфиатдору ғаразноксуханҳои беасос мегӯянду шаккокӣ мекунанд. Мардумро, ба хусус ҷавононро даъват ба амалҳои ифротгароёна менамоянд. Ин хиёнат ба инсоният аст.

Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки дигаргунандешагӣ дар шакли озодандешӣ, шаку шубҳа ба рукнҳои динӣ давом баъзе давраҳои таърихӣ авҷ мегирад. Солҳои охир дар Ислом давраи авҷ гирифтани дигаргунандешии ифротгароёна бо дастгирии абарқудратҳои беруна шуморидан мумкин аст. Роҳбарони ҲНИ, ки аз аввал мақсади ба сари ҳокимият омаданро доштанд, Исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, сафи муътақидони хешро аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзада, ки аз ғояҳои аслии Ислом ғофилинад, афзуда онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҳидоят менамоянд. Ин гурӯҳ бесарусомониҳо ва қатлу ғоратро дар саросари кишвар ба вуҷуд овардаанд. Магар амалҳои хунхорона, тундгароиву ифротгароёна, ҷаҳолату бераҳмиҳои чунин ҳаракатҳо, ки зери парчами Ислом амал мекунанд, оё хиёнат ба дин нест? Магар онҳо дини мубини Ислоро бо рафтору кирдори ҷоҳилона нодуруст тавсиф намекунанд? Бесабаб нест, ки фаъолияти чунин равияҳо дар аксари давлатҳои дунё манъ ва ҷонибдорони онҳо маҳкум мешавнд. Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазо дучор мешавад.

Мо ҷомеаи устодон бояд ҷавонон ва фарзандонаморо дастур диҳем, ки ҳамнишини бадон нагарданд, зеро рафиқи бад ба ҷисме не, ба рӯҳ зарар мерасонад. Мақсади мо, омӯзгорон, он аст, ки ҷавононро ҳидоят намоем, то ҳамниши бадон нашаванд, онҳоро бишиносанд ва аз ҳузуру таъсироти манфиашон дур бошанд.

 

ФАРИДАИ АМОНУЛЛО, Омузгори кафедраи металлургияи ДКМТ