ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИРО РИОЯ КУНЕД, ТО САЛОМАТИЯТОНРО ҲИФЗ НАМОЕД!

Имрӯзҳо хоинони миллати тоҷик ҳаромзодаҳои наҳзатӣ аз фурсат истифода бурда, талош менамоянд, ки мардумро сарсону саргардон намоянд ва ба ҳамин хотир ҳоло кӯшиш карда истодаанд, то ҳар рӯз як ахбори бардурӯғ ва бофтаро пешкаши омма намоянд. Ин шабу рӯз ҳамаи наҳзатиёни малъун ва ҳаромзода аз сироятёбии чанд нафар сокинони кишвар истифода намуда, имрӯзҳо кӯшиш менамоянд, ки хабарҳои бардурӯғро миёни ҷомеа паҳн созанд.

Ҳоло душманони миллат мехоҳанд, ки аз пандемияи КОВИД-2019 истифода намуда, бештар мардумро ваҳмзада созанд, ки ин ҳолат бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад. Зеро ҳамагон хуб медонем, ки аз аввали зуҳури пандемияи КОВИД 2019 ё худ коронавирус тамоми сокинони ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ гардонида шуда буданд ва чораҳои пешгирӣ пурзур гардонида шуда буд. Сокинони кишвар огоҳ гардонида шуда буданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳолнӣ аз сафар ва таҷаммӯи инсонҳо худдорӣ варзанд. Аммо ҳамоно ҳастанд нафароне, ки ба ҷони худ ҷабр мекунанд ва ин чораҳоро риоя намекунанд, ки ин бар хилофи дастурҳои Ситои пешгирӣ аз пандемияи КОВИД-2019 мебошад.

Пас дар ин ҷо Ҳукумат ва вазорат чӣ айб дорад?

Ин ки ҳоло душманони миллат ҳамеша аз ин ҳолат сӯистифода намуда, Вазоратро гунаҳкор карданӣ мешаванд, як баҳонаи сохтаву бофта аст. Зеро он чӣ аз Вазорати тандурустӣ ва Ҳукумат тақозо мешуд, иҷро гардид ва боқимонда аз шаҳрвандон вобаста аст, ки бояд ғами саломатии худро хуранд ва ба беэҳтиётӣ роҳ надиҳанд.

Пас дар ин ҳолат, вақте ки ихтиёр дар дасти шаҳрванд аст ва қонунҳои демократӣ ҳукмрон аст, Ҳукумат ё Вазорат чӣ гуна метавонад, болои ин ҳама мардум фишор орад ва онҳоро маҷбур ба бастани ниқобу дигар чораҳои эҳтиётӣ намояд,  дар ҳоле, ки ихтиёр дар дасти худи шаҳрвандон аст.

Ҳоло дигар масъалаи карантин, ки имрӯз пурзӯр гардонида шудааст, бисёр ҳам ҷомеаро аз хатарҳо эмин медорад. Зеро гашту гузори беҳуда ва ҷамъшавии безарурати одамон   дар кӯчаву хиёбонҳо амали саҳлангориву хатар бар саломатӣ дониста мешавад. Аз ин хотир шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки ба ҳар овозаву суханоне беасос таваҷҷуҳ накунанд ва фикру андешаи худро солим нигоҳ доранду ба ояндаи ҷомеа хушбин бошанд.

Ҳоло дигар душманони миллат, аз ҷумла наҳзатиёни бадкеш ҳар чизе хостанд, мегӯянд, аммо ин гуфтаҳои онон ягон ҳақиқат надорад ва ҳамаи навиштаҳои наълатиёни наҳзатӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва дар шароити кунунӣ ваҳмзада намудани онон мебошад.

Ҳамаи шаҳрвандон метавонанд, кафили саломатии худ бошанд ва ҳатман бо худ маҳлулҳои безараргардонӣ ва ниқоб гирифта гарданд. Дар сурати ягон кори ҷиддӣ ва муҳим надоштан метавонанд дар хона нишинанд ва саломатии худро ҳифз намоянд. Зеро солимии оила ва атрофиён аз қадамҳои мо вобаста аст.

Меҳвар Абдусаломов

устоди донишкада