Дирӯз, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил карда мешавад, дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи факултети электромеханика чорабинӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-кафили сулҳу субот” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд. Чорабиниро нахуст декани факултети электромеханика профессор Қозиев К. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти асосгузори давлати навини тоҷикон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада нақши он касро дар расидан ба сулҳу субот ва ташаккули институи давлатдории муосир басо баланд арзёбӣ намуда, илова намуданд, ки маҳз расидан ба сулҳ ва ноил гардидан ба ҳама муваффақиятҳо худ гувоҳи ин ҳама талошҳои Пешвои миллат мебошад.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур омӯзгори ҳамин кафедра Абдураҳмонова А., суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва расидат ба ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуд. Сипас, донишҷӯёну омӯзгор баромад намуда, доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назарҳои хешро баён доштанд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи мазкур зери роҳбарии Шоҳин Туев аксияи иттилоотӣ таъсис дода, дар саҳн ва дигар манотиқи наздик ба марказ шиорпартоӣ намуданд, ки шиорҳо бо ин шакл “Пешвои миллат-кафили сулҳу субот” садо медод.
Шуъбаи иттилоот