Тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз чорабинии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва Раёсати татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, аз ҷонибҳо хост, то баҳри ҳалли муаамоҳои мавҷуда дар бахши истеҳсолот ва илм муколамаи озод ва созанда сурат бигирад.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур ба хотири баррасии масъалаҳои татбиқи дастовардҳои мушаххаси илмӣ дар истеҳсолот ва ҳамчунин омӯзиши монеаҳо ва садди рушди соҳаи саноат ташкил карда шуд.
Ҳини табодули андешаҳо кор намояндагони Корхонаи муштараки металлургии Истиқлол аз намояндагони ва Раёсати татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истеҳсоли кислотаи азотӣ кӯмак хостанд.
М. Сайидзода