Чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи модар” дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи модарон” чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ҷашн гирифтани рӯзи модарон арҷгузорӣ ба модарону бонувон буда, маҳз дар ҳамин рӯз аксарият талош менамоянд, то лаҳзае модаронро хушҳол созанд ва изҳори сипосмандӣ кунанд. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занон дар ҷомеа баланд бардошта шуд ва имрӯз пайваста барои баландбардории мақоми онон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Занони баору номуси тоҷик имрӯз дар баробари мардон дар корҳои ободониву созандагӣ ва умури идорӣ кору фаъолият доранд, ки ин боиси ифтихори мост…
Сипас, пас аз табрикоти таманниёти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ консерти идона бахшида ба “Рӯзи модар”, ки аз ҷониби ансамбли “Ҷилои ёқут”- и донишкада омода гардидааст, манзури ҳамагон гардонида шуд.

Шуъбаи иттилоот