Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, роҷеъ таҷлили Иҷлосияи тақдирсоз ва нақши он дар таҳкими сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид намуд, ки маҳз талошҳо ва ҷониссориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбубамонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва мо бояд ин хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаргиз фаромӯш насозем.
Ҳамчунин дар чорабинии мазкур омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ Тошматов Эрмат ва Кибриёхон Атоева роҷеъ ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ -фароғати манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланд аз ҷониби сохтори тарбия гузаронида шуд.