ЧАРО ЁҚУБОВ АЗ М. ТАҒОЕВИ ТЕРРОРИСТ ҲИМОЯТ МЕКУНАД?!

Ҳоло дар расонаҳо баёнияи раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна оид ба боздошти Муҳаммад Тағоеви ифротӣ ва авбош, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ бо ном блогер ва дар асл тарғибгари ғояҳои ифротии наҳзатиёни манфур дар Қазоқистон нашр шудааст, ки дар он аз ҷумла аз мақомоти Қазоқистон талаб карда шудааст, ки қонунвайронкунанда ва авбоши наҳзатӣ М. Тағоевро ба Ватанаш нафиристанд, ки ин ҳам як навъ гурез аз ҷавобгарӣ дар назди қонун мебошад.

Вале он чӣ ки маро дар ҳайрат гузоштааст, ин аст, ки вақте ки кадом наҳзатии палиде ба бо баҳонаи нақзи қонун ва поймол кардани қонунҳои ин ё он кишвар боздошт мешаванд, ҳатман наҳзатиёни палид ва ҳамин гуна созмончаҳои наҳзатпарвар аз ӯ қаҳрамон   месозанд ва мехоҳанд, ки гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб нагӯяду бо баҳонаву найранг ӯро аз зиндон ва ё худ пушти панҷара кашида бароранд, ки ин бисёр ҳам шармандагист. Ва баъзан вақт барои ин корашон наҳзатиёни манфур мавриди хандахариши ҷомеаи байналмилалӣ мегарданд,ки мо борҳо шоҳиди ин ҳол будем.

Ҳоло ҳам ин палиди авбоши наҳзатпарвар И. Ёқубов аз ҳамин макру найранг ва формулаи ҳамешагии наҳзатиёни манфур истифода намуда, баёния навиштааст, ки бисёр ҳам бесаводона ва авбошона аст. Зеро чӣ тавр метавон ҷинояткорро фаъоли сиёсӣ хонд ва аз ҷавобгарӣ озод кард???

Ё наҳзатиёни манфур ҳама дунёро мисли ҳамон лагери худ дар Афғонистон медонанд, ки асеро хоҳанд аз гуноҳаш мегузаранд ва касеро хоҳанд ба қатл мерасонанд?

Ин дунё магар бесоҳиб аст, ки кулли наҳзатиёни манфур бар иловаи ҷиноят содиркарданашон боз талаби озодӣ мекунанд?

Имрӯз наҳзатиёни манфур ба хотири гумроҳ кардани ҷомеа ва сарсон намудани миллат аз ҳар роҳу восита истифода мебаранд, то ба мақсад расанд ва мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияшонро бароварда созанд.

Муҳаммад тағоеви ифротӣ ҳам аз зумраи касонест, ки ба сафи террористони наҳзатӣ пайваста дар сомонаҳои интренетӣ ғояҳои ифротии наҳзатиёни палидро тарғиб мекард ва ба оромии ҷомеа халал ворид месохт ва кӯшиш мекард, ки ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонад.

Ҳоло дигар ин малъун дар боздоштгоҳ қарор дорад ва ҳамаи наҳзатиёни палид дар доводаву такопӯ афтодаанд ва намедонанд, ки бо кадом дурӯғ ин авбошро аз паси панҷара озод кунанд.

Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ҳоло ин малъуни наҳзатиро Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна ҳимоят мекунад ва ҳангомаҳои наҳзатиёнро дар баёнияи худ раиси ин ташкилоти наҳзатправар овардааст, ки як намоишномаи сиркро ба хотир меорад.

Охир чаро маҳз Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна аз Муҳаммад Тағоеви террорист ва авбош ҳимоят мекунад?

Дуруст аст, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ кардани мардум ва фиреб додани ҷомеа Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёнаро боз кард, то баҳар роҳе ки бошад, шаҳрвандони кишварро дар хориҷ назорат кунад ва зери идеологияи ифротии худ қарор диҳад, аммо чаро ба ин зуди И. Ёқубови ифротӣ тоқат накарда, сиррашро ошкор кард, ин аллакай муаммост.

Зеро Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёнаро ҳеқ кас тасаввур намекард, ки вазифааш мудохила ба умури сиёсӣ ва боз ҳам ҳимояи террористон бошад. Дар ҳоле, ки садҳо муҳоҷир аз Осиёи Миёна ниёз ба кумаки ҳуқуқи дар кишварҳои аврупоӣ дорад, чаро раиси ин ташкилот И. Ёқубови авбош думболи наҳзатиёни террорист мегардад?!

Насриддинов Ш

Омӯзгори ДКМТ