ЧАРО НАҲЗАТИЁН “ HOMO-SAPEINS” НЕВУ “HOMO-ХОИН” ТАВАЛЛУД ШУДААНД?!

Он чӣ аз дил мегузарад, намешавад ин ҷо навишт, вале амри виҷдон инсонро ором намегузорад, то нисбати амалкарди хоинону душманони миллати тоҷик, аъзоёни созмони террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ором бишинаму сухани қалбро дар ихтиёри қалам наспорам. Агар Рӯдакӣ бо уммеди “дониш андар дил чароғи равшан…” гуфта бошаду Саъдӣ “бани одам аъзои якдигаранд” хонда, нияти оромиву оина барои шинохти инсон сохта бошад, лек ҳанӯз ҳам мебинем, ки дигар на ҳамеша дониш дар  дилҳо чароғи равшан гардидаасту инсон худро аз як зот шуморида бошад. Шояд иштибоҳӣ гӯям, вале он чӣ феълан дар мисоли аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ ПМТ мебинем, як ҳақиқати талх аст, ки инсонро на дар мисоли ибораи маъруфи илмии “ homo-sapeins”, балки “homo-хоин” ҷилва медиҳад. Чаро маҳз ҳамин  “homo-хоин”?

Шояд хонанда дар ин масъала каме бо назари ин ҷониб мувофиқат накунад, аммо нияти онро дорам, ки бо як пажӯҳиши илмӣ  хонандаи гиромиро бовар кунонам, ки наҳзатиён бо он хиёнаткориву разилӣ, ҳасудиву душманӣ, динситезиву жожхоҳӣ, иғвобарангезиву дасисабозӣ, даҳшатафканиву ифротияти худ сад дар сад исбот намуданд, ки дигар “ homo-sapiens” нестанд ва як махлуқи монанд ба инсонанду халос, ки дар пажӯҳиши илмии камина ин шакли рафтори онҳоро “ homo-хоин” унвон намудан дуруст аст.  Охир, кадом инсони боақл ба хотири чанд тангаи хориҷиён ба ватани худаш хиёнат кардааст?

Кӣ ба хотири 80 евро дар маросими видоъ бо модараш, маблағро афзалтар донистаасту онро ба иборае “эконом” кардаву дар ҷанозаи модараш иштирок накардааст?

Оё барои мо тоҷикон ва махсусан мардуми азизи Шарқ модар азизтарин нафар нест?

Аммо барои Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш ин чиз комилан бегона асту онҳо аз ҳама муҳимтар ба кисаашон даромадани пулмро мебинанду халос ва на парвои модар доранду на парвои волидайн ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо бар ивази пул хиёнат мекунанд ва албатта ин хиёнаткорияшон бахшида нахоҳад шуд.

Ҳоло дар фасли дуюми ин навишта, дар баёни “homo-хоин”-ҳои наҳзатӣ зиёдтар гуфта мегузарам ва дур аз шууру ақл мондани наҳзатиёнро исбот менамоям.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ